Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маорифи мамлакат бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф» ҳамоиши байналмилалӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронси мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат- Суғд, Хатлон, Бадахшон, шаҳри Душанбе, шарикони рушд, инчунин намояндагони «Маркази шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз Қазоқистон ва Узбекистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Тавре сармутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Маҳмудов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «ҳадафи баргузории конфронс -муаррифии имконияти амалӣ намудани лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф мебошад».
Дар конфронс гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсус ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд. Таъкид шуд, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ муваффақона дар соҳаҳои маориф, тиб, нақлиёт, шаҳрдорӣ ва энергетика амалӣ гардида истодааст. Дар доираи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 дар назар дошта шудааст, ки тартиби баҳисобгирии лоиҳаҳои ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ, инчунин нишондиҳандаҳои мониторинги лоиҳаҳои дар доираи нақшаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқшаванда барои ҳамаи соҳаҳо бояд таҳия гардад.
Иштирокдорони конфронс доир ба мавзуъҳои дастгирии давлатӣ дар самти механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикӣ дар самти маориф ва таҷрибаи давлатҳои минтақа дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ маъруза ва рӯнамоҳо пешниҳод намуданд. Инчунин доир ба заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастгирии давлатии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконоти татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ, механизми интихоб ва амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикӣ дар таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, таҷрибаи давлатҳои минтақа дар амалӣ намудани лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф табодули назар карда шуд.
Дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ оид ба рушди ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






