«ТОҶИКИСТОН-2023». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасони ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доранд.
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова гуфт, ки намоишгоҳ бахшида ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 баргузор мешавад. «Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, намоишгоҳи мазкур бо мақсади суръат бахшидани раванди мазкур ба роҳ монда шуд»,-изҳор дошт ӯ.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон менамоянд.
Намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Озара» Зебо Ҳоҷиева зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки корхонаашон аз соли 2012 боз инҷониб дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, онҳо асосан бо занҳои хонанишин, ки ба ҳунармандӣ машғул мебошанд, корро ба роҳ мондаанд. «Занҳои хонанишин маҳсулоти худро дар хона омода карда, мо онҳоро ба бозори ҷаҳонӣ пешкаш ва ба фурӯш мебарорем. То ба имрӯз мо бо 100 зан кор мекунем. Маҳсулоти моро асосан тоқиҳои дастдӯзӣ, нусхаҳои пештараи хуҷандӣ, куртаҳо, чаканҳо, гулҳои дастдӯзӣ, ҳамёнҳо ва сӯзаниҳо ташкил медиҳанд»,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Зебо Ҳоҷиева, ба ин гуна санъати ҳунари дастдӯзии тоҷикон бештар хориҷиён таваҷҷуҳи хосса доранд. Маҳсулоти онҳо аллакай дар Нидерландия, Олмон, ИМА дӯсторони худро пайдо намудааст. «Ҳар замоне ки мо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок менамоем, маҳсулоти пешкашнамудаи моро хориҷиён хеле меписанданд ва аз чӣ гуна омода шудани онҳо суол мекунанд. Бештар аз ҳама шаҳрвандони ИМА аз мо ин молҳоро харидорӣ менамоянд»,-изҳор медорад ӯ.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида истодааст. Дар намоиши имрӯза моли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти молу маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна намоишҳо ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда, ҳамзамон дар пешрафти саноатикунонии ҷумҳурӣ ҳисса мегузорад.
Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бояд ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».
Ҳамзамон дар намоишгоҳ корхонаҳои истеҳсолие низ буданд, ки қадамҳои аввали худро дар самти муаррифӣ ва дарёфти шарикони тиҷоратӣ мегузоштанд. Яке аз ин корхонаҳо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Бадахшон» ба ҳисоб меравад. Корхона соли 2021 дар ноҳияи Дарвоз таъсис дода шуда, ба коркарди меваҷоту сабзавот машғул аст. Корхона дар истеҳсолоти худ аз таҷҳизоти Олмону Русия ва Туркия истифода мебарад. Дар он ду хати корӣ фаъолият дорад, ки яке чипсҳои мевагию сабзавотӣ ва дуюм- батончикҳои мевагӣ истеҳсол менамояд. Дар айни замон 12 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҷамъият фаъолият намуда, корхона ҳоло 5 намуди маҳсулотро истеҳсол мекунад.
Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» то 7 май идома меёбад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»























Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






