20 июн дар Бадахшон басти аввали истироҳати тобистонаи хонандагон оғоз мешавад
ХОРУҒ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласае, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид, масъалаи ташкили истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакону наврасон дар давоми таътили тобистонаи соли 2023 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус мухбири миинтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 20 июни соли равон басти аввали истироҳати хонандагон оғоз мегардад, ки дар ин марҳила 100 нафар кӯдакону наврасон ба он фаро гирифта мешаванд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки масъулин ба масъалаи ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагони болаёқат, иштирокдорони фаъоли озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, кўдакони дорои имконияти маҳдуд, ятимон ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳатгоҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки барои қонеъ намудани талаботи истироҳати тобистона аз ҳисоби муассисаҳои таълимии маҳал чорандешӣ намуда, аз натиҷаи он гузориши муфассалро ба унвони роҳбарияти вилоят манзур созанд.
Ҳамзамон Раёсати маориф дар якҷоягӣ бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор гардиданд, ки ҳангоми сафарбар намудан ва бозпас овардани кўдакон дар асоси талаботи низомнома бехатарии онҳоро ҳангоми ҳаракат бо воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Ба роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемологии вилоят супориш дода шуд, ки барои тамиз намудани зарфҳо, ошхонаю ҷойи хоб, инчунин таъмин намудан бо маводи зарурии доруворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






