35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов таъмир мегардад

Июнь 5, 2023 11:43

ХОВАЛИНГ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои мошингард»-и ноҳияи Ховалинг бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов шуруъ намуданд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг.

Мавриди тазаккур аст, ки 25 километри роҳи мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш гардида буд. Дар натиҷаи боронҳои сел ва фуромадани ярч баъзе мавзеъҳои ин роҳ таъмирталаб шуданд. Дар корҳои барқарорсозии роҳ техникаи муосир ва беҳтарин мутахассисони роҳсоз ҷалб гардидаанд.

Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар баробари барқарорсозӣ ва таъмири роҳ дар ин масир, новаҳои обгузар ва ҷуйборҳои канорӣ низ таъмир карда мешаванд.

Ба истифода супоридани қитъаи роҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати Шугнов бо нақлиёти сабукрав ба маркази ноҳия ва пойтахти мамлакат сафар намоянд. Дар оянда мумфаршкунии пурраи роҳи мазкур то маркази Ҷамоати деҳоти Шугнов ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Ховалинг бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳашар ташкил намуда, дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист, назди ташкилоту корхонаҳо ва гулгашту хиёбони ноҳия саҳм мегузоранд.

Ин навбат кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва сокинон ба тоза намудани фурудгоҳи ноҳия машғул гардиданд.

Иштирокдорони ҳашар майдони ҳавоӣ, гирду атрофи фурудгоҳ ва чӯйборҳоро тоза карда, 15 куб партовро ба ҷойҳои махсусгардонидашуда кашонида, ин мавзеъро тозаю озода карданд.

Инчунин бехи дарахтонро нарм карда, гулу буттаҳоро ба тартиб дароварданд.

Дар ин ҳашар зиёда аз 300 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд