Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Октябрь 4, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Федератсияи Русия дар шаҳри Москва ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ  доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, ходимони илму фарҳанг аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳиндустон, Чин ва аъзоёни Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Русия Раҷабалӣ Раҳимов оид ба марҳилаҳои рушди мамлакат дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, саҳми Пешвои миллатро дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот дар саросари кишвар ва таҳкими эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки барои тоҷикони муқими Русия ва фарзандони онҳо, ин ҷашн як фурсати беназири эҳсоси пайванд бо сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Қисми фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ва гурӯҳи рақсии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Русия баргузор шуда, фазои гарму дӯстона фароҳам овард. Меҳмонон бо фарҳанг ва ҳунари волои мардуми тоҷик бештар ошно шуданд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Русия дар дигар минтақаҳои Русия ташкил мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд