Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 54-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуд

Июнь 12, 2023 17:34

ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 июн дар шаҳри Санкт-  Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи 54-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 40-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории кишварҳои иштирокии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар онҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муъминзод иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои асосие, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешаванд, баррасӣ карда карда шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ тавассути ташкили ҳамкории дохилидоравӣ ва риояи зиддиинҳисорӣ, тариқи суд рӯёндани товони зараре, ки аз картел (созиш) ва созишномаҳои дигари маҳдудкунандаи рақобат ба давлат расонида шудааст, натиҷаҳои ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба реклама, ҳамкории Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва коршиносони зиддиинҳисории Иттиҳоди Авруосиё, дар бораи тасдиқи принсипҳо ва стандартҳои намунавии ҳамкории байни бозорҳои рақамии хусусии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи 54-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ва роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия Максим Шасколский вазъ ва дурнамои ҳамкории танзимгарони зиддиинҳисории ҳарду давлатро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мақомоти рақобатии Тоҷикистон ва Русия ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки мақомоти зиддиинҳисории Русия дорои таҷрибаи васеи танзими зиддиинҳисории бозорҳои молӣ ва мубориза бо таҷрибаҳои зиддиконкурентӣ мебошад.

Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Русия омода аст, ки таҷриба ва амалияи ҳуқуқии худро дар бозорҳои иҷтимоӣ ва рақамӣ, таҷрибаи мубориза бо картелҳо, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси кормандон мубодила намояд.

Инчунин имкони баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни бозор, аз ҷумла дар шакли онлайн баррасӣ карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан судмандро байни идораҳои рақобатпазири ҳарду давлат таъкид намуданд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2023 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад