Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ба минтақа мутобиқсозии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» ҷаласаи кории Комиссияи ҷиҳати ба минтақа мутобиқсозии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни нишаст сардори Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» Одилҷон Ҳамидов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиши расмии навъҳои растанӣ дар соли 2022 ва санҷиши расмии навъҳо ва дурагаҳои ояндадору ба минтақаҳо мутобиқ дар соли 2023 ҳисобот дод.
Дар ҷаласа навъҳои пахта, зироати ғалладонагӣ, лубиёгӣ, равғандеҳ, хӯроки чорво ва картошка, ки аз ҷониби муаллифон ба Комиссия пешниҳод гардида буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ба масъулини соҳа ҷиҳати истифодаи технологияи муосир, самаранок истифода намудани обу замин, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ намудани зироат, ба минтақа мутобиқ намудан ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






