Аз 5 то 7 июн дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешавад

Июнь 4, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 04.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФБНА иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ФБНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Кумитаи иҷроияи ФБНА бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Дар доираи конфронс баргузории ҷаласаи Шӯрои ФБНА ва ҷаласаи чоруми Платформаи ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи ФБНА бо шарикони байналмилалии рушд дар назар аст.

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои «Дастовардҳо ва таҳаввулоти асосӣ дар тӯли 30 соли охир ва диди стратегӣ барои ояндаи ФБНА, муколама байни ҳавзаҳо, байни давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаъолияти ФБНА баррасӣ хоҳанд гардид.

Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси байналмилалӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти бузурги обии Тоҷикистон -НБО «Норак» ва «Қалъаи Ҳисор» боздид намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд