Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон консерти тантанавӣ доир гардид

Июнь 1, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 май бахшида ба 30-солагии барқароршавии  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ноҳияи Сариоғоши вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари ҳунарии ҳайати  Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Дар консерт намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳокимияти ноҳияи Сариоғош, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими ноҳияи Сариоғош иштирок намуданд.

Барномаи консертии мазкур дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сариоғош бо иштироки аҳли фарҳанг ва  ҳунари   Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Июнь 1, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт