«CAFA Nations Cup-2023». Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли равон, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «А» оғоз гардид. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфт. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми худ дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» бо дастаи мунтахаби Туркманистон бозӣ анҷом дод. Ягона голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 85-уми бозӣ Нуриддин Ҳамроқулов ба нишон расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби калонб- 3 бар 0 муқобили дастаи мунтахаби Уммон ғолибият ба даст овард.
Дар даври дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 июн бо дастаи мунтахаби Уммон бозӣ мекунад.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) бозӣ анҷом медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






