Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи саноат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд

Июнь 17, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ«Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъдан, алюминий ва нафт дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Ҷабаров дар шаҳри Боку баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технодлогияҳои нави мамлакат иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо самтҳои мушаххаси амалӣ гардонидани тавофуқҳои ҳосилгардидаро муайян карданд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти Парки саноатии кимиёи Сумгаит шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Боку Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ҳамчунин бо раиси Раёсати Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон Элшод Нуриев мулоқот намуд

Зимни вохӯрӣ раиси Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи паркҳо ва минтақаҳои саноатӣ, ки дар Озарбойҷон фаъолият доранд, инчунин оид ба имтиёзҳое, ки барои соҳибкорон фароҳам оварда шудааст, маълумоти муфассал дод.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти паркҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти Парки саноати кимиёи Сумгаит ва раванди истеҳсоли корхонаи қубурҳои пӯлодӣ «Азертехнолайн» шинос шуд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар бахши саноат аз ҳисоби коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад