Дар Душанбе таҳияи филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баррасӣ шуд

Июнь 12, 2023 17:58

ДУШАНБЕ,12.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ ва баррасию муҳокимаи дигар масъалаҳои марбут ба филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» гурӯҳи эҷодии филм таҳти роҳбарии директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикфилм» иттилоъ медиҳад.

Дар ин сафар директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистонро муаллифи филмнома Рустам Ҷабборов ва коргардони филм Дилмурод Масаидов ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ масоили марбут ба таҳия ва наворбардории филмро баррасӣ намуданд.

Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии ҳар ду ҷониб ва дигар мутахассисони соҳа филмномаи коргардонӣ тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ шуд.

Таъкид гардид, ки то ин замон аз ҳар ду ҷониб кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, интихоби маконҳои наворбардорӣ, коркард ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ амалӣ карда шуд.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ангоравии либосҳо, реквизитҳо, омода намудани нақшаи тақвими таҳиявӣ ва харҷномаи филм идома дошта, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар муҳлати муқаррраршуда манзур карда хоҳанд шуд.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику узбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад.

Ғояи асосии филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ карда мешавад.

АКС: «Тоҷикфилм»

Июнь 12, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд