Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи мазкур моҳи октябри соли 2021 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Дар корхонаи мазкур 35 нафар кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар заминаи корхонаи мазкур сехи дӯзандагӣ низ фаъолият дорад, ки дар он 8 нафар коргар машғули кор буда, аз ҷониби онҳо дар ин давра ба маблағи 1077,8 ҳазор сомонӣ корҳои дӯзандагӣ ба анҷом расонида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






