Дар Люксембург ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар шаҳри Люксембург ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём роҳбарӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи нишаст, тарафҳо атрофи масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи бахшҳои мавриди эҳтимом табодули афкор анҷом доданд.
Инчунин, мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ матраҳ намуда, масоили муҳимми байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






