Дар ноҳияи Шуғнон 6 нафар ба даври вилоятии Озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» роҳхат гирифтанд

Июнь 5, 2023 08:59

ХОРУҒ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и ноҳияи Шуғнон даври сеюми Озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ин озмун 34 довталаб ширкат намуда, 6 нафари онҳо ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Довталабон ба саволҳои ҳакамон оид ба китоби пурарзиш – «Тоҷикон» ҷавобҳои пурраю саҳеҳ гардонданд. Дар натиҷаи таҳлили нутқи шифоҳӣ ва дониши умумии довталабон доир ба ин асар, ҳайати ҳакамон аз 34 нафар ба 6 нафар роҳхат ба даври вилоятии озмунро супурданд.

Ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи хонандагону омӯзгорони ғолибони даври ноҳиявии ин озмун барои иштироки фаъолона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия бо туҳфаҳои арзишманд ҳавасманд гардонида мешаванд.

Муовини раиси ноҳия Пайрави Мирзоашраф изҳор дошт, ки озмуни имсола ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад ва ҳадафи асосии он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омузиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои таҳсинофарини ниёгони халқи мо дар тӯли таърих, ташвиқу тарғиби ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.

Гуфта шуд, ки китоби «Тоҷикон» яке аз асарҳои мондагору пурарзиш буда, бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ собит месозад, ки миллати тоҷик воқеан дар рушди таммадуни башар нақши босазо гузоштааст.

Мутолиаи ин асар дар замони муосир, ки босуръати баланд дар ҳоли тағъирёбӣ аст, хеле муҳиму муфид аст. Аз ин рӯ хондан ва дарки маънову мафҳуми ин шоҳсар вазифаи хурду бузурги миллати тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон мебошад, то дар муборизаҳои шадиди иттилоотӣ ин асарро чун сипар истифода баранд.

Доштани дониши муфассал доир ба асари «Тоҷикон» ва муаллифи он, саҳеҳ, буррову фаҳмо шарҳ додани ҳодисаҳои таърихии давраҳои муайян, маълумот доир ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмиву бадеӣ доир ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик яке аз талаботҳои асосии ин озмун мебошад.

Мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Марям Абдулаълишоева ин озмунро як чароғи раҳнамо унвон кард, ки ҳар хонандаро бо тамоми ҷузъёташ бо таърихи халқи тоҷик ошно месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-ро ҳамчун шиносномаи миллат арзёбӣ намуданд ва маҳз ба ҳамин хотир аз хурду бузурги мамлакат даъват намуданд, ки ин асарро ҳатман мутолиа намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд