Дар Ню-Йорк таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ҷангзада баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи Сеюмин ҳафтаи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва Дафтари зиддитеррористии СММ таҳти унвони «Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонидашуда» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни чорабинии канорӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба оид ба мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғдор дар Ховари Миёна доир гардид.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба таҷрибаи мамлакат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан занону кўдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия маълумоти муфассал доданд.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2019 то ба имрӯз Тоҷикистон тақрибан 300 нафар аз шаҳрвандони худро аз кишварҳои Сурия ва Ироқ баргардонидааст.
Инчнунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо баргардонидашудаҳо, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид сохтани онҳо маълумот дода шуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






