Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 21, 2023 19:25

ДУШАНБЕ,21.06.2023/АМИТ «Ховар»/. «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи милли Тоҷикистон бахшида ба 26 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод, дар ҳамоиш кормандони Осорхонаи миллӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба дастовардҳои ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи таърихии сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши бузург бозидааст.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин роҷеъ ба саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушду пешрафти соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат ва дигар дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ табодули назар намуда, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими суботи мамлакат ва таъмини ваҳдати миллӣ беназир арзёбӣ намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд