Дар шаҳри Бӯстон масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро баррасӣ намуданд

Июнь 30, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар доираи тадбирҳои нақшаи амалигардонии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»  ва таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарият ва  сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, сардорони биноҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ мулоқот доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Нахуст бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти қонунгузории мамлакат доир ба самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб ибрози назар карда шуд.

Баён гардид, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд ва ин мақсадҳо бояд тариқи баргузор намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки ҳар фарди ватандӯст ва шаҳрванди асил имрўзҳо  бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ кунад. Нагузорад, ки наврасону ҷавонон, ки ҳанўз таҷрибаи зиндагӣ надоранд, ба доми ин гурўҳҳо афтанд.

Таъкид гардид, ки тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз менамоянд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Маърӯзачиён оид ба таъсири манфии зуҳуроти терроризм ва экстремизм ёдовар гардида, аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам гардидани заминаи ҳуқуқии муқовимат бо ин омилҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ибрози назар намуда, бори дигар сокинонро баҳри муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб даъват намуданд.

Дар фарҷом байни иштирокдорон ва сокинон мубодилаи афкор доир гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июнь 30, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд