Дар шаҳри Сиани Чин «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардуми Чин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода бо директори Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Иститути Осиёи Марказии Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин Лу Шанбин вохӯрӣ намуд, ки зимни он оид ба таъсиси «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» дар шаҳри Сиани Чин иттилоъ дода шуд.
Тавре дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамзамон масоили ҳамкории илмӣ байни марказҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Парвиз Муҳаммадзода дар ин ҳамоиш вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро мавриди таҳлил қарор дода, онро хеле ҳассос ва мураккаб арзёбӣ намуд.
Номбурда иброз дошт, ки дар чунин раванди мураккаб нақши марказҳои таҳлилӣ дар муайяннамоӣ ва шинохти хавфу хатарҳо, пешбинии равандҳо ва мусоидат дар қабули қарорҳои дахлдор ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, таҳкими равобити илмӣ- таҳлилӣ байни ин ду ниҳоди зеҳнӣ саривақтӣ мебошад. Илова бар ин, мақом ва нақши калидии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва пешрафти ҳамкории Чин бо давлатҳои минтақаро муҳим арзёбӣ намуд.
Лу Шанбин низ ба таҷрибаи ғании давлатдорию роҳбарӣ, мақом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарварии сиёсии муваффақ дар пешбурди дурнамои ҳамкории фарогири Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин баҳои баланд дода, маҳз бо дарназардошти ҷойгоҳи махсуси Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар минтақа, изҳор дошт, ки дар назди Донишгоҳи шимолу ғарбии шаҳри Сиани Чин «Маркази омӯзиши Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ менамояд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» барои муаррифии фарогири таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши калидии Тоҷикистон дар минтақа ва умуман шинохти мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сиан ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муҳим хоҳад гузошт.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






