Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Июнь 24, 2023 16:06

 ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд,  хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳр.

Дар  ҷамъомади идона таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилӣ, монеаҳои даврони аввали соҳибистиқлолӣ  бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва  дар таъмини  рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат  натиҷаҳои назаррас омад.

«Сол ба сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудани симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон, дар ҳар деҳа бунёди мактабу кўдакистон, беморхона, китобхона, қасрҳои фарҳангу боғҳои фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ  ва дигар амалҳои созандагию ободонӣ самари ваҳдату ягонаии миллати тоҷик аст, ки имрўз ба даст омадааст»,- гуфта шуд дар ҷамъомад.

Дар поёни маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти шаҳр аҳли толорро ба иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуда,  бори дигар таъкид кард, ки ба қадри суботи комил ва Ваҳдати миллӣ бирасем.

Бояд гуфт, ки тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 24, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид