ЭЙ ХУШО, ҶАШНИ ТИРГОН ОМАД! Онро шоирон баҳри эҳтироми об ва баракату фаровонӣ васф менамоянд

Июнь 24, 2023 12:39

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон баргузор мегардад. Мояи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо намуда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат рангорангӣ бахшиданд.

Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон маҳсуб меёбад. Онро мардум ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил мекардаанд ва ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад. Ҷашни Тиргон мавсими расиши гандум, ҷашни обу ободонӣ, ҷашни удабо ва уламо аст. Аз ҷумла, шоири муосири тоҷик Муҳиддин Шоҳин ин ҷашнро чунин васф намудааст:

ТИРГОН – ҶАШНИ ОБ

Эй хушо, ҷашни Тиргон омад,
Мужда аз аҳди бостон омад.

Ҷашни об асту ҷашни борон аст,
Ҷашни меросии ниёгон аст.

Пешво кард эҳё онро,
Гуфт инро зи минбари воло.

Обро шуҳраи ҷаҳонӣ дод,
Ҷашнро арши осмонӣ дод.

Обро ҷамъ карду гардон кард,
Хонаи мардумаш чароғон кард.

Тиргон мазҳари Ватандорист,
Ҷашни ободиву накукорист.

Чунки марзи Ватан намуд аён,
Ораши паҳлавон ба қиммати ҷон.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 24, 2023 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»