Имрӯз дар Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июн дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чемпионат дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахти Тоҷикистон доир мешавад.
Тавре котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев хабар дод, дар Чемпионат иштироки беш аз 130 варзишгар, мураббӣ ва меҳмон аз 30 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар муаррифӣ менамоянд, ки ду нафарашон занон мебошанд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
«Туҳфаҳои молӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муайян шудаанд. Барои ҷои аввал 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 доллар ва ду ҷои сеюм 1 500 доллар муқаррар гардидааст. Мусобиқа аз рӯи 6 вазн баргузор мешавад. Дар панҷ вазн мардон ва дар як вазн занон қувваозмоӣ хоҳанд намуд. Инчунин маблағи алоҳида барои ҷомҳои даставӣ муайян гардида, барои ҷои якум 1500 доллар, ҷои дуюм 1000 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар ҷудо карда шудааст»,- илова намуд Абдулло Саидхӯҷаев.
Таҳти ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ аз нав эҳё шуда, рушд менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






