«ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС». Дар Душанбе Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон ифтитоҳ гардид

Июнь 27, 2023 12:51

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар шаҳри Душанбе Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» оғоз ёфт. Нахуст  ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни тоҷикон иштирокчиёни Фестивал дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи расмии Фестивали мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили мамлакат иштирок намуданд.

Фестивали байналмилалии «Истеъдодҳои наврас» ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 10 майи соли равон «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда мешавад.

Чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳусни оғоз бахшида, нахуст меҳмонон – иштирокчиёни Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас»-ро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Маросими ифтитоҳи Фестивали мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар он инчунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки наврасони боистеъдоди дастаҳои ҳунарии пойтахт манзур карда шуд.

Бояд гуфт, ки шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 400 нафарро ташкил дода, майдони он имкон медиҳад, ки насли наврас дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замиру ботини худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳангу тамаддуни ҳамдигарро афзун намоянд.

Тибқи барномаи Фестивал, ки панҷ рӯз, яъне аз 26 то 30 июни соли ҷориро дар бар мегирад, иштирокдорони он дар баробари иштирок  дар бахшҳои озмунии Фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.

Инчунин тибқи барномаи тасдиқгардидаи Фестивал,  дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида, дар доираи он инчунин Намоиши II байналмилалии мусаввирони наврас доир карда мешавад.

 АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

Июнь 27, 2023 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд