КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст

Июнь 1, 2023 12:00

НОРАК, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 июн дар саросари олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қайд карда мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.

Тавре муовини Раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас — қувваи бузурги мамлакат мақоми хосса дорад. Зеро ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён доштанд, «барои давлат миллати солим, мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбат ба кӯдакон муқарраршуда яке аз он ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти кӯдак, ба таври зарурӣ аз ҷиҳати молиявӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо чун пояи асосии ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои мамлакат захираи хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин давлат ҷиҳати муҳайё намудани шароити беҳтарин барои кӯдакон саъю талоши зиёде ба харҷ медиҳад, то ин амал сабаби шодӣ ва хушбахтии кӯдакону насли наврас гардад.

Шодии насли навраси имрӯзаро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи ин натиҷаи тантанаи сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон дар тарбияи насли наврас мебошад. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Барои ҳамин ҳам насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва бо ғуруру ифтихор “падар ва ё бобои мо” мегӯянд.

Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тифлону наврасони хушбахти Тоҷикистон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонем.

Ҳамзамон аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки барои тарбия намудани ин ганҷинаи бебаҳо муносибати ҷиддӣ намуда, баҳри онҳо шароити пурраи таҳсилу фароғатро таъмин намоянд.

Мо ҳамеша ба худ мегӯем,ки «ҳама чизи беҳтарини мо барои бачаҳоямон мебошад». Бале, кӯдакони мо меваҳои ширинтарини бӯстони умри ҳар яки мо мебошанд. Ин меваҳои лазиз бояд бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми  волидайни худро бо хулқи накӯву рафтори шоиста ва хизмати фидокорона ба манфиати давлатамон шодоб  гардонанд.

Тибқи таҳлилҳои илмӣ, 80 фисади донишу маълумотро кӯдакон то 5-солагӣ ба даст меоранд. Мо ба саволҳои аҷибу кунҷковонаи  кӯдакони худ ҳамеша бояд ҷавоб гӯем, дар боло бурдани маърифати дунёшиносии онҳо вақти худро дареғ надорем, саҳлангорӣ накунем.

Ба камол расонидани насли бомаърифату бунёдгари оянда самараи заҳматҳои доимии волидон ва омӯзгорони муҳтарам мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд
Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Русия баррасӣ гардид
Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм»-ро амалӣ намудааст
Ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии касбӣ густариш меёбад
Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
МУЪҶИЗАИ НУР ДАР ДИЛИ КӮҲ. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд
Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд