MADE IN TAJIKISTAN. Хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва баъзе давлатҳои Аврупо содирот мегарданд

Июнь 25, 2023 08:31

ДУШАНБЕ, 25.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Раҳимов доир ба фаъолияти корхонаҳои коркард ва истеҳсоли меваҳои хушк дар Тоҷикистон суҳбат намуд.

Парвиз Раҳимов иттилоъ дод, ки дар панҷ моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ беш аз 21 ҳазор тонна хушкмева ба маблағи 9 миллион доллари амрикоӣ содирот карда шудааст. Ин омор дар соли гузшта 16,5 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

«Дар бозор талабот ба хушкмеваҳои Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад. Хушкмеваҳои шаҳдбори мамлакати мо асосан ба Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва баъзе давлатҳои Аврупо содирот мегардад. Айни замон дар Тоҷикистон 24 корхона, аз ҷумла «Исфара фуд», «Қанд К», «Субҳи ватан», «Баракати Исфара», «Донаи алмос», «Нурфуд», «ШафTҶ» ва ғайра ба коркард ва истеҳсоли меваи хушк машғул буда, дорои мағозахои махсус мебошанд»,- афзуд ў.

Номбурда шарҳ дод, ки аз шумораи умумии корхонаҳо 19 корхона дар вилояти Суғд, асосан дар шаҳри Исфара- 18 корхона, 4 корхона дар вилояти Хатлон ва 1 корхона дар Бадахшон фаъолият доранд, ки иқтидори солонаи корхонаҳои хушкмеваҳои мамлакат тақрибан 20-30 ҳазор тонна мебошад.

«Технологияҳои муосире, ки дар корхонаҳои коркард ва истеҳсоли хушкмеваи мамлакат насб гардидаанд, истеҳсоли давлатҳои пешрафта, назири Русия, Чин ва Туркия буда, дар ин корхонаҳо истеҳсоли наздик ба 80 намуди маҳсулот-навъҳои гуногуни хушкмева ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор муштариёни зиёд доранд. Масалан аз навъҳои гуногуни зардолу 25 намуд маҳсулот омода карда мешавад. Инчунин аз олу, себ, хурмо, шафтолу, анҷир, тут, лимон, чормағз, писта, бодом, ҳамзамон аз навъҳои мухталифи ангур мавиз тайёр карда мешавад, ки дар бозор талабгоронаш хеле зиёд аст»,- тазаккур дод корманди вазорат.

Парвиз Раҳимов яке аз омилҳои бозоргир будани хушкмеваро, дар радиф таъми ширину болаззат доштани он, ба зебою сифати баланди бастубандии хушкмева дар борҷомаҳо алоқаманд медонад.

Яке аз талаботҳои бозори ҷаҳонии маҳсулот ин бастубандии босифати он дар борҷомаҳо арзёбӣ мегардад,-мегўяд ҳамсуҳбати мо ва илова менамояд, ки хушкмеваҳои Тоҷикистон, ки асосан ба кишварҳои хориҷӣ содирот карда мешаванд, дар қуттиҳои картонӣ ва пластикии хеле зебо оро додашуда, бастубанд мегарданд.

Муовини сардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нав изҳор дошт, ки бо назардошти талабот ба меваҳои хушки Тоҷикистон дар мамлакат сол аз сол боғҳои дарахтони мевадиҳанда, хусусан зардолу ва дигар майдонҳо, ки барои парвариши намуҳои гуногуни ниҳолу дарахт ва ангур мусоидат менамоянд, зиёд карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади бештар муаррифӣ намудани хушкмеваҳои мамлакат ҳамасола дар намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ хушкмеваҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, муаррифӣ мегарданд.

Ин аст, ки охири моҳи июн дар радифи таҷлили иди Тиргон дар ҷумҳурӣ намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил карда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2023 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад