НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре таъкид карда шуд, дар шароити феълӣ рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту бақои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Андешаи эътирофшудаи «Асри XXI – асри иттилоот» дорои воқеияти худ буда, идораи иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо дар он аҳамияти ҷиддӣ пайдо намудааст. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ноустувор ва ё заиф будани амнияти иттилоотӣ боис мегардад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ва рушдкарда ба майдони моҷаро ва бархурди манфиатҳои қудратҳои муайян табдил ёбанд.
Иштирокчиёни конференсия изҳор доштанд, ки тавре дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 омадааст, воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти онҳо инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гиранд.
Тазаккур дод шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд шудааст. Ҳадаф ва мақсади асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар давлат аз он иборат аст, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии давлатро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.
Дар идома ҳозирин оид ба масъалаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ маърӯзаҳо намуданд.
Дар интиҳои конференсия як зумра иштирокдорон ва фаъолони ҳизбӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






