Нашриёти «Адиб» китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Фарзанди Осиё»-ро аз чоп баровард
ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода нашриёти «Адиб» китоби рӯзноманигор, муҳаррир ва тарҷумон Раҷабалӣ Қудратзодаро бо номи «Фарзанди Осиё» мунташир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Китоб, ки аз силсилаи мақолаҳои пурмазмуни муаллиф иборат аст, мероси адабии шоири маҳбубу зиндаёдро барҳақ чун сарвати гаронбаҳои миллати тамаддунсози тоҷик ва ҷузъи эътирофшудаи фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст. Ин комилан дуруст аст, асарҳои устоди каломи бадеъ Мирзо Турсунзода ба 60 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, борҳо бознашр гардидаанд.
Боби аввали китоб чунин зерсарлавҳа дорад: «Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат». Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд. Роҳбари давлати тоҷикон аз нақши барҷастаи абармардон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар таърихи асри ХХ – уми халқи куҳанбунёдамон мудом ёдовар мешаванд, ки ин барои насли ҷавон оинаи ибрат буда, дарси хештаншиносист.
Боби мазкур бо чунин суханони ифтихорӣ ва самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Зиҳӣ Мирзо Турсунзода ва шеъри ҷаҳонгири ӯ», ки муҳтавои китобро ифода менамояд, ҷамъбаст мегардад.
Яке аз бобҳои дигар таҳти унвони «Се ахтари тобон» ба дӯстии устод Мирзо Турсунзода бо ду адиби забардасти дигар – Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов бахшида шудааст.
Дар муқоваи китоб акси устод ҷой гирифта, дар қисми болои акси шоири ширинкалом кабӯтари сафед, кабӯтари сулҳ парафшонӣ дорад, ки худ як рамзи зебо ва таъкид бар он аст, ки Мирзо Турсунзода қосиди хастанопазири сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва ҳамзисти халқҳои тамоми сайёраи мо буд.
Мансур СУРУШ,
Шараф САНГОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд






