Навгонӣ дар бозори алоқаи мобилӣ: чӣ қадаре, ки мехоҳӣ, пардохт намо. Ва ё тарофаи худро бо зиёда аз 900 намуди хизматрасонӣ бисоз

Июнь 8, 2023 14:38

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки тарофаи худро тариқи танзимкунии ҳамаи параметрҳои он бо ёрии конструктор бисозанд. Ба Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 900 намудҳои тарофаи “Биё! Бисоз” дастрас мебошанд, ин барои бозори телекоммуникатсионии кишвар пешниҳоди нодир аст.

Истифодабарандаи тарофаи “Биё! Бисоз” имкон дорад, ки ҳар моҳ таркиби бастаи хизматрасониҳои худро тағйир диҳад: ҳаҷми трафики интернет, миқдори дақиқаҳо ва SMS-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд ё кам намояд, рӯйхати шабакаҳои бемаҳдуди иҷтимоиро барои худ тартиб дода, аз рӯи онҳо тахфиф бигирад. Вобаста ба ин нархи баста тағйир меёбад. Ҳамин тариқ, агар дар танзимот 3 Гб интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо интихоб карда шаванд, пардохти ҳармоҳаи абонентӣ 100 сомониро ташкил медиҳад. Агар трафик то 5 Гб зиёд карда шуда, ба рӯйхати манбаъҳои ройгон YouTube дохил карда шавад, нархи тарофа ба 115 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Нархи минималии тарофа – 50 сомонӣ. Ба бастаи мазкур 1 Гб, Viber, WhatsApp, MegaFon Life, Facebook messenger, Тelegram, IMO ва We Chat-и ройгон ва зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака дохил мешаванд.

Интихоби миқдори дақиқаҳои зарурӣ дар ҳоле зарур мешавад, ки агар муштарӣ ба рақамҳои операторони дигари алоқа занг заданӣ бошад. Даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” комилан бемаҳдуд буда, давомнокии онҳо ба арзиши бастаи хизматрасониҳо таъсире намерасонад.

Пайвасткунии тарофаи нодир бо се восита имконпазир аст. Воситаи қулайтарин – анҷомдиҳии ин амал тариқи қисми “Тарофаи ман”-и замимаи “МегаФон Life” ба шумор меравад. Баъди воридшавӣ ба ин қисм бояд банди “Дастрас” ва сипас тугмаи “Биё! Бисоз” пахш карда шавад. Ҳамин тавр ба муштарӣ дастрасӣ ба калкулятори тарофа кушода мешавад. Маҳз он ҷой метавон таркиби бастаро танзим намуда, арзиши онро дид.

Воситаи дуюм пайвасткунии тарофа дар портали bisoz.megafon.tj ба ҳисоб меравад, ин восита барои онҳое қулай аст, ки мехоҳанд мустақилона хизматрасониҳои алоқаро идора намоянд. Лекин агар ба муштарӣ ёрии мутахассис зарур бошад, ӯ метавонад ба идораи хизматрасонии муштариён ё онлайн-мушовир тавассути сомонаи оператор ва замимаи “МегаФон Life” муроҷиат намояд.

“Биё! Бисоз” дар бозори алоқа пешниҳоди бемисолу нодир аст. Бори аввал сухан оид ба ташкили тарофаи касбӣ меравад, ки танзимоти дақиқи онро метавон ҳармоҳа ба амал баровард. Калкулятори қулай имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои алоқа бо ҳаҷми зарурӣ интихоб карда шуда, ҳамин тариқ нархи баста муайян карда шавад. Ин сатҳи нави озодии истифодабарандагон аст”, — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Маълумоти муфассал дар бораи тарофаи “Биё! Бисоз” дар сомонаи ширкат.

АКС: “МегаФон Тоҷикистон”

Июнь 8, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд