ОФАРИН! Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба самбо сазовори 13 медал гардиданд

Июнь 12, 2023 19:27

ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба намуди самбо миёни варзишгарони биноияшон суст, наврасон, ҷавонон, калонсолон ва устодон, ки аз 7 то 11 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, ба гирифтани 13 медал — 1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ сазовор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба намуди самбо байни варзишгарони биноияшон суст беш аз 600 варзишгар аз 30 давлати қора иштирок намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мазкур ҳунар ва маҳорати худро баҳри мухлисони намуди самбо нишон дода, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Варишгарон Шоҳрух Назаров дар вазни то 79кг медали нуқра, миёни наврасон, Анўшервон Назарзода дар вазни то 58кг, медали тилло, Абдулло Қурбонов дар вазни то 71кг, медали нуқра ва Муҳаммад Саидзода дар вазни то 64кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Байни ҷавонон Мусохон Ғаниев дар вазни то 79кг, медали нуқра, Мусаниф Миробов дар вазни то 58кг, бо ҳамроҳи Умар Мирзоев дар вазни то 64кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 88кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор шуданд.

Байни мардҳо Сорбон Латипов дар вазни то 64кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79кг, Зафар Олимшоев дар вазни то 88кг, Бахтовар Замиров дар вазни то 98 кг ва Бобоҷон Бобоев дар вазни +98кг с медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2023 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд