Ҳокимшоҳ Бобозода: «Дар се соли фаъолият «Саноатсодиротбонк» барои рушди иқтисод зиёда аз 390 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд»

Июнь 24, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 24.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» се сол сипарӣ шуд. Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» бо Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода оид ба фаъолияти сесолаи муваффақонаи бонк, сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноату иқтисод, дастгирии соҳибкорон ва имтиёзҳо барои онҳо, инчунин хизматрасонӣ ба муштариён суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз нақши саноатро дар рушд ва пешрафти иқтисоди миллӣ дар доираи «Солҳои рушди саноат»  ва ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Дар шароити феълии пешрафти иқтисодӣ саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бинобар ин, роҳбарону масъулони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки дар соҳаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ фаъолият менамояд, бояд бо назардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат, баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва дарёфти роҳҳои рушди он дар ҳошияи эълон шудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» тавассути воридоти технологияҳои муосир ва ҷадиди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир самти  содиротии ҷумҳуриро тақвият дода, таъсиси ҷойҳои нави кориро дар солҳои наздик афзоиш диҳанд.

Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси чаҳор ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, саноатикунонии босуръати мамлакат дар раванди сармоягузории истеҳсолоти ватанӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки саноатӣ имконияти  муфид ва саривақтӣ мебошад. Зеро татбиқи ин вазифаи муҳим ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар давраи миёнамуҳлат бо дастгирӣ намудани лоиҳаҳои бузурги истеҳсоливу саноатии ватанӣ аз мамлакати аграриву саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил дода шавад.

Ҷолибтар аз ҳама, дар ҷараёни гузариш байни ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва содагардонии кулли ҳуҷҷатҳо ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати мамлакат нақши муҳим доранд. Зеро маҳз ин ду низом сарчашмаи асосии истеҳсолот ва содирот буда, дар ин раванд маблағгузории онҳо аз ҷониби институтҳои молиявии мамлакат, бахусус бонкҳо ҳамчун сармоягузор сарчашма мегирад.

АМИТ «Ховар»: Оё бо гузашти на камтар аз се сол гуфта метавонед, ки самти афзалиятноки “Саноатсодиротбонк” аз чӣ иборат аст ва дар ин давра бонк кадом корҳои назаррасро анҷом додааст?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Албатта, самти муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Бонк,  ин дастгирии молиявии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродии самти корашон ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, ба шумор меравад. Дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо қувваи дохилии сармоягузорони  соҳибкорони ватанӣ метавонад содиротро афзоиш дода, талабот ба молу маҳсулоти ватании бозори дохилиро қонеъ гардонад ва ин яке аз сарчашмаҳои асосии дар амал татбиқ шудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бахусус дар ҳошияи эълон шудани солҳи 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” арзёбӣ мегардад.

Аз оғози фаъолияти хеш “Саноатсодиротбонк” ҷиҳати ҳарчи бештар аз худ намудани фазои сармоягузории дохилӣ ва ҳисса гузоштан дар рушди самти саноату истеҳсолоти мамлакат мавқеи мушаххасро ишғол намуд.

Дар се соли фаъолият “Саноатсодиротбонк” барои тақвият додани рушди иқтисод ба соҳаҳои мухталифи ин соҳа ба маблағи зиёда аз 390 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар  радифи ҷаҳонишавӣ бо истифода аз хизматрасонии рақамӣ ва имкониятҳои муосир имрӯз дар Бонк қадамҳои устувор гузошта шудааст ё на?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Пӯшида нест, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк  мусоидат намудан ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ ба муштариён ба шумор меравад.  Дар ин раванд, Бонк ҳамкориро бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” роҳандозӣ намудааст, ки  дар ин замина кортҳои пардохтии бонкӣ интишор шуда, ҷиҳати ҷалби муштариён ва корхонаҳои буҷетиву  соҳибкорон пешниҳод гардида истодааст.

Илова бар ин, “Саноатсодиротбонк” аллакай хизматрасониҳои фосилавиро (Мобайл-банкинг, Интернет-банкинг) роҳандозӣ намудааст, ки дилхоҳ нафар метавонад новобаста аз он, ки ӯ муштарии Бонк аст ё не бо зеркашӣ намудани Мобайл банкинг аз телефонҳои ҳамроҳ тамоми амалҳои бонкии ғайринақдиро анҷом диҳад.

Бояд бигӯем, ки барномаи Мобайл банкинги “Саноатсодиротбонк” мукаммал ва муосир буда, ҳамаи хизматрасониро дар бар мегирад ва ин ҳам як дастоварди Бонк барои ҷаҳонишавӣ ва истифода аз муомилоти ғайринақдӣ мансуб дониста мешавад.

Таъкид бояд намуд, ки “Саноатсодиротбонк” дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ба муштариён аз ҷумла бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасониҳои дастрас, шаффоф ва бехатар замимаи мобилии “ССБ мобайл” фаъол гардонда шудааст, ки аз ҷониби муштариён мавриди истифода қарор дода шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: Муштариёни ташкилотҳои қарзӣ дар аксар мавридҳо аз баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ сухан меронанд. Дар робита ба ин масъала “Саноатсодиротбонк” чӣ гуна сиёсатро пеш гирифтааст?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Бояд тазаккур дод, ки қарзҳои аз ҷониби Бонк ба соҳаи саноат ва истеҳсолот ва дигар бахшҳои соҳибкорӣ пешниҳодшаванда назар ба меъёри миёнавазнии қарзҳои бонкӣ 6-8 банди фоизӣ пасттар мебошанд.

Мусаллам аст, ки фаъолияти устувор ва самараноки Бонк метавонад дар рушди соҳаи саноат, махсусан дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат ва “Солҳои рушди саноат” нақши муассир гузорад.

АМИТ «Ховар»: Дар самти ҷалби пасандозҳои озоди аҳолӣ ва ҳамзамон иҷроиши  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар “Саноатсодиротбонк” кадом корҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар самти ҷалби пасандозҳо мо маҳсулоти гуногуни пасандозиро коркард ва ба муштариён пешниҳод намудаем, ки барои ҳар нафар муштарӣ кафолати давлатӣ ба маблағҳояшонро пешниҳод менамоем. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки Бонк дар ин самт корбарӣ намуда истодааст. Лозим ба таъкид аст, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, мақcади он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад ва имконияти мусоиди ҷалби бештари маблағҳоро ҳамчун пасандоз ба Бонк медиҳад.

АМИТ «Ховар»:  Ба андешаи Шумо, нишондиҳандаҳои асосии молиявии “Саноатсодиротбонк” дар ин давра дар кадом сатҳ қарор доранд ва нақшаҳои Бонк барои соли равон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти худ аз чӣ иборат хоҳанд буд?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Боиси хушнудист, ки Бонк нишондиҳандаҳои асосии молиявии фаъолияти худро дар соли 2022 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, тибқи Стратегияи рушди Бонк барои соли 2022 — 2023, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардидааст.

Бояд изҳор намоем, ки Бонк дар камтар аз  се соли фаъолияти худ панҷ филиали худро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон боз намуда,  ҳамзамон ҷиҳати фарогирии молиявӣ як маркази хизматрасонии бонкиро дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт мавриди истифода қарор дод.

Дар панҷ моҳи аввали соли 2023 ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ ва дастарасии бештар ба маблағҳои қарзии имтиёзнок аз ҷониби “Саноатсодиротбонк” боз 4 маркази хизматрасонии бонкии дигар дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла шаҳрҳои Турсунзодаву Истаравшан ва ноҳияҳои Фархору Шаҳритус ифтитоҳ гардиданд.

Бонк дар айни замон ба қарздиҳии субъектҳои соҳибкорие, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда машғул ҳастанд, афзалият дода,  қарзро бо  фоизи нисбатан пасттар пешниҳод намуда истодааст.  Дар иртибот ба “Солҳои рушди саноат” ва ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, тасмим гирифтем, ки ба соҳибкорони истеҳсолӣ бо 16% солона ба муҳлати то 5 сол маблағҳои қарзиро пешниҳод намоем ва дар ҳамин радиф соҳибкорзанони мамлакатро низ аз мадди назар дур нагузоштем ва маҳсулоти қарзии “Рушди соҳибкорӣ”-ро танҳо барои соҳибкорзанон ба муҳлати то 3 сол бо 17% солона пешниҳод намудем, ки ин ҳам як имтиёзи бисёр хуб дар раванди дастгирии бештари соҳибкорони ватанӣ маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин, Бонк бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи дигар муштариён маҳсулотҳои қарзии амалкунандаро вобаста ба талаботи замон ва дастовардҳои технологияҳои муосир коркард ва пешниҳод намуда сафи муштариёни худро зиёд гардонида истодааст.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкории хориҷӣ то куҷо тайи ин муддат дар «Саноатсодиротбонк» рушд ёфтааст?  

Ҳокимшоҳ Бобозода: Дар самти густариш додани ҳамкориҳои байнибонкӣ бо бонкҳои хориҷӣ, “Саноатсодиротбонк” бо яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҶС “Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон” шартномаи байнибонкӣ оид ба ҳамкории муросилотӣ ба имзо расонид. Шартномаи мазкур имконият медиҳад, ки соҳибкорони ватанӣ ҳисоббаробаркуниҳои худро бо ширкатҳо ва бонкҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои чаҳон саривақт ва босифат анҷом диҳанд. Дар радифи густариши ҳамкории беруна  моҳи июни соли 2021 Бонк бо “Транскапиталбанк”-и Русия ҳамкории муросилотиро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои муросилотӣ бо Бонки байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Актиф Бонки Ҷумҳурии Туркия низ ба роҳ монда шудааст, ки ин барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии пардохтҳои фаромарзӣ мусоидати худро гузошта истодааст.

Ҳамзамон, Бонк бо ҶС “Ширкати содиротиву суғуртавии “KazakhExport” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро ба имзо расонидааст. Санади мазкур заминаи ҳуқуқиро байни ду ниҳод гузошта, барои дастрасии соҳибкорони ватанӣ дар самти воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Қазоқистон равона шудааст.

Намояндагони “Саноатсодиротбонк” дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ пайваста иштирок менамоянд ва ба ин васила бо шарикони хориҷӣ вохуриҳои муаррифӣ доир менамоянд. Ҳамин тавр, “Саноатсодиротбонк” дар машваратҳои байнибонкии Тоҷикистону Россия, дар кори Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва дигар форум ва конфронсҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда истодааст.

Дар шароити феълӣ “Саноатсодиротбонк” дар самти рушди ҳамкории байнибонкӣ пайваста чораҷӯӣ намуда, барои мувофиқ гардонидани хизматрасонии бонкӣ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон- мутахассисон ва ҳамқадами замон будани онҳо дар “Саноатсодиротбонк” чи корҳо ба роҳ монда шудааст?

Ҳокимшоҳ Бобозода: Мо тасмим гирифтаем, ки  фаъолияти созандаи худро зери шиори “Дониш, маҳорат ва масъулият” ба роҳ монем. Боиси зикр аст, ки дар самти расидан ба ҳадафҳои дар назди Бонк гузошта шуда кормандони Бонк нақши асосиро иҷро менамоянд. Дар ин раванд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Бонк дар ҳамаи сатҳҳои фаъолият пайваста чораҷӯӣ карда мешавад.  Аз ҷумла бо ҷалби мутахассисони дохилию берунӣ мунтазам дарсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуда ҳамзамон мутахассисони Бонк ба курсҳои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.

Мо бовар дорем, ки ин дар ояндаи наздик самараи нек ба бор хоҳад овард.  Зеро ҳадафи ягонаи сиёсати пешгирифтаи мо ин саривақт ва босифат дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад ва боварӣ дорем, ки “Саноатсодиротбонк” дар ояндаи наздик дар паҳлӯи бонкҳои низомсози мамлакат мавқеи худро устувор хоҳад намуд, зеро ҳадафи асосии мо ин муваффақияти кулли мизоҷонамон буда, роҳи рости расидан ба ҳадафҳо ин меҳнати софдилона ба халқу давлат аст.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат. 

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Июнь 24, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар панҷ моҳ ба маблағи 760,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
Дар вилояти Хатлон то охири моҳи май беш аз 68 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» то соли 2030 амалӣ мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 10.7669 то 10.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД. Тоҷикистон то соли 2037 ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардад
Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод