Олимон дар ғизо манбаи тасодуфии пластикиро ошкор намуданд

Июнь 7, 2023 16:03

ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тахтачаҳои ошпазӣ ба манбаъи асосии зарраҳои пластикии микроскопӣ мубаддал мегарданд, ки баъдан онҳо ба таркиби ғизо роҳ меёбанд. Ба чунин хулоса омадаанд мутахассисони Ҷамъияти кимиёвии Амрико ҳангоми таҳқиқот, ки он дар маҷаллаи «Environmental Science & Technology» ба нашр расидааст.

Ҳамин тавр, ҳангоми реза кардани маҳсулот дар тахтачаҳо зарраҳои хурдтарини пластикӣ боқӣ мемонанд. Ҳаҷми онҳо дар як сол аз 14 то 71 миллион микрозарраро ташкил медиҳад.

Муайян шудааст, ки қисми зиёди зарраҳо аз тахтаҳои ошпазии чўбин баромадаанд — шумораи онҳо аз сатҳи «табиӣ» назар ба пластмасса 4—22 баробар зиёд будааст.

Муҳаққиқон инчунин мушоҳида карданд, ки микроорганизмҳо дар маҳсулотҳои буридашуда ва хатҳои кафидаи тахтача ҷамъ мешаванд. Онҳоро шустан хеле душвора аст, бинобар ин дар он ҷо бактерияҳо ва вирусҳо афзоиш меёбанд.

Санҷиши бехатарии ин зарраҳо барои организм нишон додааст, ки онҳо ба қобилияти ҳуҷайраҳои муш дар озмоишҳои лабораторӣ таъсири ҷиддӣ нарасонидаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 7, 2023 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод