Пагоҳ дар Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мегардад

Июнь 26, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 июн дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чемпионат дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахти Тоҷикистон доир мешавад.

Тавре котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев хабар дод, дар Чемпионат иштироки беш аз 130 варзишгар, мураббӣ ва меҳмон аз 30 давлати ҷаҳон  пешбинӣ шудааст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар муаррифӣ менамоянд, ки ду нафарашон занон мебошанд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 80 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

«Туҳфаҳои молӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муайян шудаанд. Барои ҷои аввал 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 доллар ва ду ҷои сеюм 1 500 доллар муқаррар гардидааст. Мусобиқа аз рӯи 6 вазн баргузор мешавад. Дар панҷ вазн мардон ва дар як вазн занон қувваозмоӣ хоҳанд намуд. Инчунин маблағи алоҳида барои ҷомҳои даставӣ муайян гардида, барои ҷои якум 1500 доллар, ҷои дуюм 1000 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар ҷудо карда шудааст»,- илова намуд Абдулло Саидхӯҷаев.

Таҳти ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ  бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ аз нав эҳё шуда, рушд менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли 2023 пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд