Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо лоиҳаи «Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим» шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи «Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим» шинос гардида, барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.
Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки иншооти мазкур барои фароғату истироҳати мавсимии 200 кӯдаку навраси ятим пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад. Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.
Ҳамчунин тибқи нақша дар истироҳатгоҳи мазкур синфхонаҳои омӯзиши касбу ҳунари духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасон ба машғулияти касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дарсҳои омӯзиши малакаи рассомӣ низ дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар дохили истироҳатгоҳи мазкур толори тамошои синамо, толор барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон бунёд гардида, роҳравҳои барҳавову зебо низ сохта ба истифода дода шавад.
Аснои муаррифии тарҳи мазкур иброз гардид, ки дар дохили бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ, утоқи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой дода мешавад ва ҳамчунин истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво низ ҳангоми истироҳат истифода баранд.
Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд гардида, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳои зебову замонавӣ, майдони хурди варзишӣ ва як майдони замонавӣ барои бозиҳои футбол ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа, ҳамчунин пурра гирду атрофи иншоот сабзпуш карда шуда, барои сайру гашти истироҳаткунандагони низ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Раҳмидин Каримов бунёд карда мешавад ва тибқи нақша, корҳои сохтмонии он то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Бунёди иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кӯдакону наврасони ятим таътилҳои худро дар шароити мусоиду мувофиқ пушти сар намуда, дар ин баробар ба омӯзиши касбу ҳунар дар ин ҷо ҷалб гарданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои муаззами миллат чунин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонда, барои фароҳамсозии шароити мусоид ба кӯдакону наврасони ятим дар ин истироҳатгоҳ ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд






