Президенти Тоҷикистон: «Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад»

Июнь 8, 2023 15:04

ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад. Татбиқи ин лоиҳаро мо рамзи робитаҳои дӯстонаву беғаразонаи ду давлат ва ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи бародарони қатарӣ ба мамлакати мо медонем. Масҷиди калони ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Рафти сохтмони он зери назорати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар қарор дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз 4 манораи баландиаш 74 метра ва гумбази 43 метра иборат аст. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «аш-Шарқ»-и Давлати Қатар, ки он 6 январи соли 2021 дар АМИТ «Ховар» бо забони тоҷикӣ бознашр шудааст, баён намуданд.

Дар мусоҳиба бо рўзномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин давлат тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд.

Сарвари давлат ҳамзамон дар ин мусоҳиба таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд.

«Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид. Боварии комил дорам, ки ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо ба тақвияти бештари ҳамкории ду мамлакати дӯст такони ҷиддӣ бахшид, балки дар рушди робитаҳои байни мардумони фарҳангдӯсти Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва таблиғи арзишҳои созандаи тамаддуни муштаракамон низ саҳми шоён гузошт»,- тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз, 8 июн Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиикситон

Июнь 8, 2023 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд