Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқот намуданд

Июнь 19, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таъйин гардидани Марат Хуснуллин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти муҳими комиссияи мазкурро дар танзиму пешбурди самараноки муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо таъкид доштанд.

Зимни мулоқот самтҳои асосии дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иброз  гардид, ки рушду тавсеаи мунтазами муносибатҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.

Ҷонибҳо ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва зарурати идомаи талошҳои тарафҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тақвияти робитаҳои байни минтақаҳо, ҷалби сармояи мустақим дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба раванди рушду нумӯи шаҳри Душанбе ва дигаргуниҳои куллие, ки солҳои охир дар пойтахти Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, ҷалб сохта, фаъолгардонии ҳамкориро дар сатҳи пойтахтҳои ду давлат аз самтҳои афзалиятнок маънидод намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июнь 19, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд