«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА-2023». Аз он беш аз 15 ҳазор тамошобин боздид намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 15 ҳазор тамошобин аз намоиши байналмилалии «Шабе дар Осорхона-2023», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо доир гардид, боздид намуд. Чунин гуфт дар маросими натиҷагирӣ аз ин намоиши фарҳангӣ директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Ба иттилои Зафаршо Иброҳимзода, барномаҳои намоиши «Шабе дар Осорхона-2023» аз солҳои қаблӣ фарқ дошта, ба унсурҳои миллии ниёгон нигаронида шуда буд. Номбурда зимнан муҳтавои баъзе аз барномаҳоро васеътар шарҳ дода, онҳоро дар самти муаррифии таъриху фарҳанг таъсиргузор арзёбӣ намуд.
Дар маросими натиҷагирӣ аз иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона-2023» таъкид карда шуд, ки зимни ин намоиш 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида шуд. Намоиши дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, экспонати зиндаи «Шоҳзодаи Фархорӣ», «Маликаи Сосониён –Бурондӯхт», «Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ», «Дарси устод-шогирд –хушнависӣ», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, «навозиши асбоби мусиқӣ», намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар дастон «Ҳино», фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши «олами вуҳуш», инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ», шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи «Космо ленд» аз ҳамин қабил буданд.
Инчунин дар ин намоиши фарҳангӣ гӯшаҳои миллии сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Фаластин, Русия, Ҳиндустон, Корея, Туркия, Туркманистон, Покистон, Беларус, Фаронса ва Ҷопон ташкил карда шуд, ки тамошобинон бо фарҳангу анъанаҳои мардумии ин давлатҳо шинос гардиданд.
Барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар намоишу чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи миллӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарпарасти кулли намоиши «Шабе дар Осорхона» дар соли 2023 ширкати «FIFTYFIVE GROUP», сарпарасти расмии чорабинии «Шабе дар Осорхона» дар соли 2023 корхонаи полиграфии «Графика ПРИНТ», МДК «COSMO LAND», ширкати «ШОКОЛАТЬЕ», ҶДММ «АНАС АВРУПО ВА ОСИЁ» ва дигар муассисаю шарикони чорабинӣ бо «СИПОСНОМА»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардонида шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд






