«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе зиёд намуд

Июнь 30, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 30.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 19 июл ширкати ҳавопаймоӣ «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе –Мюнхен-Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба давлатҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон иҷро менамояд. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои муосири Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Июнь 30, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад