СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2023. «Соро компания» ва «Истиқлол» дар садри ҷадвал қарор доранд

Июнь 28, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 28.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз се даври бозиҳо, дар ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол»-и Душанбе бо чаҳор имтиёзӣ пешсаф мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

«Соро компания» дар даври сеюм бар «Истаравшан» бо ҳисоби 8:3 пирӯз шуд.

Довталаби дигари медали тиллои мусобиқа – «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи «Самандар»-и Турсунзода ҳашт голи беҷавоб зад.

Дар бозии дигари Суперлига «Амонатбонк» бо ҳисоби 8:1 бар дастаи «Пойтахт» пирӯз шуд.

Бозиҳои даври чаҳоруми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал 29 ва 30 июн баргузор мешаванд.

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

29 июн (панҷшанбе)

17:00 – «Самандар» – «Соро компания». Турсунзода, маҷмааи варзишии «Самандар»

18:00 – «Пойтахт» – «Истиқлол». Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июн (ҷумъа)

18:00 – «Амонатбонк» – «Истаравшан». Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 28, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид