ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, ҷумъа, 153-юмин рӯзи соли 2023

Июнь 2, 2023 08:00

2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти  Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

***

Дар ҳамин рўзи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари  ин давлати дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

***

2 июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

***

2 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

***

2 июни соли 2021 мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон баргузор гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

2 июни соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд. Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари доду гирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.

***

11 сол пеш, 2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

2 июни соли 2012 бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

***

2 июни соли 2014 мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал баргузор гардид. Зимни мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

2 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Италия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.

***

Дар  Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, барои  мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

***

2 июни соли 2004  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1963  дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.

***

Соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

Июнь 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш