Таваҷҷуҳи сайёҳон ба тамошои ноҳияи Мурғоб меафзояд
ДУШАНБЕ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб волйер ё эҳёхонаи озодапаланг ифтитоҳ гардид. Дар ин бошишгоҳи муваққатӣ он палангоне нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳангоми ҳуҷум ба оғилхонаи чорводорон дошта шудаанд, ё ин ки он палангони пире ҳастанд, ки дигар тавони шикор надошта, ба пастиҳо фаромадаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат иброз доштанд, ифтитоҳи волйер дар ноҳияи Мурғоб имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи сайёҳони экологӣ ба ин ҷо зиёд гардад ва ин гӯшаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо намояд.
Мурғоб яке аз маҳалҳои муҳими сукунати озодапаланг ё бабри барфӣ аст.
Дар Мурғоб зироаткорӣ тақрибан вуҷуд надорад, аҳолии маҳаллӣ ба чорвопарварӣ (қутос (хушгов), улоғ (аспу уштур), бузу гӯсфанд) машғуланд.
Ҳамасола ба ин ҷо садҳо шикорчиёни хориҷӣ ба хотири сайди нахчир ва гӯсфанди Марко Поло меоянд. Барои хидмат ба шикорчиён дар ноҳияи Мурғоб панҷ ширкати маҳаллӣ фаъолият дорад.
Бояд гуфт, ки имсол дар ноҳияи Мурғоб нахустин боғ бунёд гардид, ки дар ҷаҳон баландтарин боғ аз сатҳи баҳр мебошад.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия ба нақша гирифтааст, ки чунин боғҳо ва дарахтзор дар мавзеъҳои Чечикдеҳ, Модиён, Шаймоқ, Булункӯлу Аличул, Рангкӯл низ бунёд созад ва дар талоши он аст, ки ноҳияи Мурғоб дар оянда ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳони экологӣ табдил ёбад.
Экологҳои ноҳия дар заминаи бинои замонавӣ осорхонаи табиати Помири шарқиро ифтитоҳ намуданд. Ҳоло дар осорхона нигораҳои зиёди ҳайвонот, наботот, ҳашарот, сангҳои кӯҳӣ, канданиҳои фоиданоки ин минтақа нигоҳ дошта мешаванд. Алҳол осорхонаи табиии ноҳия яке аз ҷойҳои муҳими ташрифи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ гаштааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






