Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заҳролудшавӣ аз шароби себии сунъӣ дар Русия ба 31 нафар расид

Июнь 10, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заҳролудшавӣ аз шароби себии сунъӣ дар як чанд минтақаҳои Федератсияи Русия ба 31 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус 8 июн вазорати тандурустии Русия иттилоъ додааст.

Вазорати тандурустии Русия хабар дод, ки дар айни замон шумораи умумии осебдидагон аз шароби себии сунъӣ дар минтақаҳои Федератсияи Русия 101 нафар, аз ҷумла 5 ноболиғ ва як зани ҳомиладорро ташкил медиҳад. 31 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Вазъи заҳролудшудагон зери назорати мутахассисон қарор дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 10, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод