30 СОЛИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ЮНЕСКО. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат ҳамоиш доир шуд

Июль 21, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500 –сола эътироф гардид. То ин вақт намунаи олии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудааст. Ҳамзамон якчанд номгӯи дигари  таърихӣ барои ворид кардан ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод  шуда, дар оянда ба он ворид намудани се ҷашни дигар-Меҳргон, Тиргон ва Сада дар назар аст.

Ин нуктаро имрӯз дар ҳамоиш бахшида ба 30-солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҳти унвони «Тоҷикистон-ЮНЕСКО: вазъият, дастовард, мушкилот ва дурнамои ҳамкорӣ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур иттилоъ доданд, ки имсол моҳҳои сентябр ва октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории барномаҳои  илмӣ, сиёсиву фарҳангӣ дар мавриди таҷлили 2500-солагии  «Тахти Сангин»  ва 1057-солагии олими бузурги тоҷик Абурайҳон Берунӣ ба нақша гирифта шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Тазаккур дода шуд, ки аз ҷумлаи созмонҳои бонуфузтарини дунё Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад, ки Тоҷикистон ҳанӯз 6 апрели соли 1993 ба узвияти ин созмон пайваст. Аз замони аъзо шудан ба Созмони мазкур ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои фарҳанг, илм, маориф, гуманитарӣ вусъат ёфта, ҷанбаҳои самараноку созандаро фаро гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо созмони мазкур диққати хосса зоҳир менамояд. Мисоли равшани он иштироки Роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс ва семинарҳои сатҳи байналмилалии ин ниҳод мебошад. Инчунин ташрифи роҳбарияти созмон ва намояндагиҳои он ба Тоҷикистон аз нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Иброз карда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО дар ду самти асосӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории фарҳангӣ ба роҳ мондааст: «Мероси фарҳангии ғайримоддӣ» ва «Мероси фарҳангии моддӣ».

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ — анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо мебошад.

Мероси фарҳангии моддӣ – арзишҳои фарҳангие мебошанд, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  шудаанд. Дар феҳристи мазкур объектҳои таърихию фарҳангӣ, дар шакли қалъаҳо, димнаҳо, шаҳрҳо, петроглифҳо (тасвирҳои рӯйисангӣ), корезҳо, дайру маъбадҳо ва қабристонҳо ифода гардидаанд.

Тибқи талаботи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), барои ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ бояд парвандаҳои номинатсионӣ омода шаванд. Дар парвандаҳои номинатсионии мазкур тамоми талаботи ЮНЕСКО ба инобат гирифта мешавад. Парвандаи номинатсионии мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ- ин бастаи ҳуҷҷатҳое мебошад, ки дар он маълумоти дақиқ оид ба мероси таърихӣ ва фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии пешниҳодшаванда оварда мешавад. Масалан, дар парвандаи номинатсионӣ маълумотнома оид ба макони аниқи ҷойгиршавии объектҳои таърихӣ ё минтақаҳои муайяне, ки дар он мероси фарҳанги ғайримоддӣ роиҷ аст, инчунин дигар хусусияти мероси фарҳангӣ мушаххасан дарҷ карда мешавад. Аз ин хотир то имрӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд парвандаҳои номинатсионии мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ таҳия ва ба Дафтари минтақавии ЮНЕСКО барои мувофиқа ва ворид намудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод шудаанд. Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Миёна дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир мебошад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, парвандаҳои номинатсионӣ аввалан ба дафтари минтақавӣ ирсол ва аз онҷо ба дафтари асосии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса барои баррасӣ ва тасдиқ фиристода мешаванд.

Дар охири ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмони мазкур то имрӯз ба дастовардҳои зиёди умумимиллию умумиҷаҳонӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон доир ба мушкилоту дурнамои ҳамкорӣ байни иштирокдорони ҳамоиш муколамаву андешарониҳои судманд баргузор шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Тоҳир САИД

Июль 21, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид