АҲСАНТ! Хонандаи тоҷик сазовори стипендияи Ҳукумати Венгрия шуд

Июль 5, 2023 17:43

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ Масрур Давлатзода ғолиби стипендияи ҳукумати Венгрия (Stipendium Hungaricum Scholarship ) гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» устоди ӯ Ҷамолиддин Фаттоев иттилоъ дод.

Хонандаи мазкур тариқи озмун, ки аз фанни англисӣ доир шуд, сазовори ҷоиза гардид. Хароҷоти стипендия беш аз 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, гирандаи он имкон дорад мудати 4 сол ба таври ройгон дар яке аз донишгоҳҳои олии Венгрия таҳсил кунад.

Ба иттилои манбаъ, хонандаи дигари ноҳия Омина Худойқулова дар Олимпиадаи байналмилалии TeenEagle аз фанни забони англисӣ байни 55 давлати дунё иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

«Олимпиадаи мазкур аз 18 то 25 июн дар шахри Лондони Британияи Кабир доир шуда, ҷоизасупории он рӯзи 24 июн дар донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир баргузор гардид», -гуфт Ҷамолиддин Фаттоев.

Ёдовар мешавем, ки Омина Худойқулова хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ соли 2022 низ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 5, 2023 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд