ҲАДАФ- ОБОДИИ ВАТАН. Дар деҳаҳои Пайканди шаҳри Турсунзода роҳҳои байнидеҳавӣ таъмир ва навсозӣ мешаванд

Июль 24, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаҳои Пайканд 1 ва 2-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 3 км роҳи байнидеҳавиро навсозӣ ва мумфарш менамоянд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  хабар доданд.

Бояд гуфт, ки имсол дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат ёфта, ба тадбирҳои дигари  бунёдкорию ободонӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Азми сокинони деҳот бар он аст, ки бо анҷом додани корҳои таъмиру навсозии роҳҳо ба ободии муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар инфрасохтори деҳот камар банданд.

Иқдому ташаббуси сокинони деҳаи Пайканд шоистаи пайравию дастгирӣ буда, сокинони дигар шаҳру навоҳии мамлакатро зарур аст, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба истиқболи  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию бунёдкориро пайваста вусъат бахшанд. Зеро ободии Ватан аз тозагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани хона, кӯча, маҳал ва  шаҳру ноҳияи мо оғоз меёбад.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 24, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд