«АНДАЛЕБ-2023». Дар ноҳияи Шаҳринав Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ баргузор шуд

Июль 29, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар Боғи фарҳангии ба номи Н.Маъсумии ноҳияи Шаҳринав даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар «Фестивал-озмун санъаткорону ҷавонони боистеъдод расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ манзури ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардонида, аз ҷониби ҳакамон баҳои арзанда гирифтанд.

Зимни намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мақсади асосӣ аз  баргузор намудани Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023- ин намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мавзуи меҳварии он инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 29, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад