БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар Ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ навсозӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда буд, вале бо сабаби фарсуда шудани дастгоҳҳо муддате аз кор монд.
Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона пурра ба анҷом расида, дастгоҳҳои наву замонавӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харида шудаанд, насб гардидаанд. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар корхона беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Баъди ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад, ки иқтидори истеҳсолии он қариб 20 млн дона хишт дар як сол мебошад.
Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона аз Чин таҷҳизоти нав харидааст.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2023) навсозӣ карда мешавад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






