Дар қароргоҳи СММ зиёд намудани дастгирии молиявию техникии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаи зиёд намудани дастгирии молиявию техникии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ.
Дар вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба Форуми сиёсии сатҳи баланди рушди устувор ва саҳми он дар шарҳи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, донишу навовариҳо дар ин раванд, натиҷагирӣ аз Конфронси СММ оид ба Рӯзномаи амали об, иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Нишасти вазирон вобаста ба омодагӣ ба Саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) 2023, муаррифии Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии платформаи миллии пайгирии ҲРУ, дастовардҳои назарраси мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ибрози назар намуд.
Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташаббус ва комёбиҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои пешбарии Рӯзномаи глобалии амали об ва татбиқи аксарияти ҲРУ, пешниҳоди Шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадами ҷалби тарафҳои манфиатдор дар ин раванд, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум баланд арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ дархости Тоҷикистонро вобаста ба зиёд намудани дастгирии молиявию техникӣ ҷиҳати татбиқи ҲРУ, бахусус пайгирии натиҷагириҳо ва тавсияҳои Конфронси СММ оид ба Рӯзномаи амали об қобили қабул донист.
Таъкид гардид, ки масъалаи зиёд намудани дастгирии молиявию техникии давлатҳо барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 оид ба рушди устувор ва таҷдиди назари усулҳои ҳамкории бисёрҷониба дар ин раванд яке аз мавзуъҳои асосии Саммити ҷаҳонии ҲРУ хоҳад буд, ки моҳи сентябри соли 2023 дар сатҳи сарони давлатҳо ва ниҳодҳои СММ баргузор мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид






