Дар Балҷувон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист мавриди истифода қарор гирифт

Июль 4, 2023 14:22

ДУШАНБЕ, 04.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иртибот ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ гардид, ки дар маросими ба истифода додани он роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Балҷувон соли 2018 оғоз ёфта, фармоишгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аркон» ва корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоир сохтмон» ва «Сабо ширкат» бо сифати баланд ба итмом расонидаанд.

Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 4 утоқи корӣ, китобхона, 1 маҷлисгоҳи хурд ва меҳмонхона аст. Маблағгузории пурраи сохтмони бино ва хариди таҷҳизот дар ҳаҷми 2,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.

Фаъолияти корӣ дар чунин бинои замонавӣ, истифодабарии техникаи компютерӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда кормандони соҳаро водор месозад, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди шаҳрвандию касбӣ иҷро намуда, дар рушди соҳа ва пешрафти минбаъдаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бо шарофати ғамхории доимии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар тозаю озода нигоҳ доштани табиати ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла беҳтар намудани шароити фаъолияти мақомоти зертобеи худ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда истодааст. Ин аст, ки раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи омадагӣ ба Ҷашни 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегиранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2023 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд