Дар Бохтар Қалъаи Қӯрғон таҷдид карда мешавад

Июль 4, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазъи  имрӯзаи мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, ки макони  тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб мешавад, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.

Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маҳсуб шуда, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба шумор меравад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.

Масъулони шаҳрдорӣ ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК «Шаҳрофари Душанбе» лоиҳаҳои намунавии «Теппаи Қӯрғон» омода шудаанд.  Тибқи лоиҳа, бояд дар болои қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии «Теппаи Қӯрғон» бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки навсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби мамлакат мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки пайдоиши Теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX- ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 4, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад