Дар Душанбе масъалаи вусъат додани ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёи Рушд баррасӣ шуд

Июль 27, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири кишварии Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) аз Тоҷикистон бо муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) баргузор гардид, ки зимни он дурнамои ҳамкории миёнамуҳлати дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакатро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд  дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ зиёд шавад.

Муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда баён намуд. Ҷонибҳо итминон доданд, ки сандуқи сармоягузории бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории бонк то охири соли равон афзоиш диҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз аз ҷониби  Бонки Авруосиёии Рушд ва сохторҳои он 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаи грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн доллар ва 6 лоиҳаи худи бонк ба маблағи 51,4 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад